Сокини дехаи Гулистони чамоати дехоти Гулистони нохияи Восеъ, Саидов Махмадулло дар чангхои давлати Сурия халок шуд. Дар ин хусус ба падару модар аз хоричи кишвар тарики телефони хабар доданд. Падари Махмадулло, Саидов Сафар ва модараш Халимова Фазила дар дехаи Гулистони чамоати дехоти Гулистон умр ба сар мебаранд. Махмадулло дар оила фарзанди аз хама хурди буд. У то синфи 6-ум дар мактаб хондааст. Бо максади гирифтани таълимоти дини уро аз мактаб гирифта назди мулло Сирочиддин ба шахри Вахдат бурдаанд. Аз руи накли модар баъди таълимоти дини бо хидояти домулло Сирочиддин писараш ба хоричи кишвар рафта буд.
Гузориш махсус барои барномаи «Дониш - сипар» № 8
Барандаи барнома – журналист Хоча Назриев
Коршиноси барнома:
Шохрухи Сайчафар –ассистенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгохи давлатии ш. Кулоб
Кахрамонхои барнома: Саидов Сафар, Халимова Фазила
Барнома санаи 28-уми январи 2016 сол соати 10:00 дар СТ «Мавчи Озод» сабт мегардад.